Нишасти Теҳрон дар бораи Афғонистон бе ҳузури "Толибон" гузашт

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон

Нишасти минтақаӣ дар Теҳрон дар мавриди Афғонистон бе ҳузури намояндагони ҳукумати "Толибон" сурат гирифт. Эрон мегӯяд, гурӯҳи "Толибон"-ро ҳам ба ин нишаст даъват карда буд.

"Нишасти намояндагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Русия" рӯзи 14-уми декабр бо иштироки намояндагони вижаи Тоҷикистон, Покистон, Чин, Туркманистон, Узбекистон ва низ Русия бо мизбонии Вазорати корҳои хориҷии Эрон баргузор шуд.

Ҳадафи нишаст баҳс дар мавриди як дидгоҳи минтақавии пойдор дар мавриди чолишҳо ва буҳронҳои муштарак гуфта шудааст. Изҳороти расмӣ ва мустақими намояндагони Русия, Чин ва дигар кишварҳое, ки дар нишасти Теҳрон ҳузур доштанд, то кунун нашр нашудааст.

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳамоиш гуфтааст, минтақа аз ҳар вақти дигар ба ҳамоҳангии пойдор барои ҳамкорӣ дар робита ба Афғонистон ниёз дорад. Аббос Ароқчӣ дар бахше аз суҳбатҳояш гуфтааст, эҷоди як механизми муназзами гуфтугӯҳо миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон зарурати стратегӣ аст.

Муҳаммад Содиқхон, намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон дар ин нишаст таъкид кардааст, ба нигарониҳои Исломобод дар бораи терроризм бояд қотеъона расидагӣ шавад ва афзудааст, ки Покистон хоҳони сулҳ, шукуфоӣ ва амният дар минтақа аст.

Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" то кунун дар бораи иштирок накардани намояндагонаш дар нишасти минтақаӣ дар мавриди Афғонистон ба таври расмӣ изҳори назар накардааст. Баъзе аз расонаҳои дохилии Афғонистон ба нақл аз Ҳофиз Зиё Аҳмад, раиси робитаҳои умумии Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" гузориш додаанд, ки гуфтааст, онҳо ба ин нишаст даъват шуда буданд, аммо иштирок накарданд.

Дар идома ба нақл аз ӯ омадааст, ки ҳукумати Толибон аз тариқи созмонҳои минтақаӣ, форматҳо ва ҳамчунин механизмҳои дуҷониба ба таври давомдор бо ҳама кишварҳои минтақа робитаҳои фаъол дорад ва дар ин замина пешрафтҳои чашмрас ба даст овардааст.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар ин нишаст гуфт, ки Эрон аз намояндаи Афғонистон, яъне "ҳукумати Толибон" барои ҳузур дар нишаст даъват карда буд ва боварманд бар ин буд, ки ҳузури ин намояндагон метавонист раванди ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодиии Афғонистонро дар минтақа суръат бахшад. "Аммо Толибон дар ин нишаст ширкат накарданд ва Эрон ба тасмимҳои онҳо эҳтиром мегузорад ва ин тасмим бар муносибатҳои дуҷониба таъсире нахоҳад дошт," -- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Осиф Дурронӣ, намояндаи вижаи пешини Покистон дар Афғонистон дар шабакаи Х навиштааст, ки тасмими Толибон бар иштирок накардан дар нишасти Теҳрон бори дигар хомии сиёсии Толибонро собит месозад. Ӯ афзудааст, "Толибон" тавони музокира ва гуфтугӯ бар сари масоилро надоранд ва чунин бархӯрде наметавонад мушкилоти ҷиддӣ ва печидаи мавҷудро ҳал кунад.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки Афғонистон пас аз дубора ба сари қудрат расидани "Толибон" дар августи соли 2021, ҳамчунон бо чолишҳои амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ рӯбарӯ аст ва талошҳои минтақаӣ барои ёфтани як чорчӯби муштараки ҳамкорӣ дар мавриди ояндаи ин кишвар идома дорад.

Кишварҳои ҳамсоя ва бозигарони минтақаӣ дар солҳои охир борҳо таъкид кардаанд, ки бесуботӣ дар Афғонистон метавонад пайомадҳои мустақими амниятӣ, иқтисодӣ ва муҳоҷиратӣ барои саросари минтақа дар пай дошта бошад.