Чанде аз довталабони курсии вакили порлумон дар Қирғизистон қарори Кумисюни марказии интихоботро ба додгоҳ кашидаанд.
Пас аз ҳамла ба ду ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон, ки панҷ кушта ва панҷ захмӣ барҷой гузошт, мавзӯи посбонӣ аз сарҳади тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон дигарбора дар сархати расонаҳо қарор гирифт.
Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар бораи тарҳи пешниҳодии сулҳ дар Украина бо намояндагони Амрико гуфтугӯҳои "судманд" анҷом доданд, аммо ҳанӯз ҳеч тавофуқе наздик нест.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузоришҳоро дар бораи эҳтимоли ҷалби нерӯҳои Русия ё Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ба марз бо Афғонистон рад кард.
Раисҷумҳури Украина, ки кишвараш аз як сӯ бо моҷарои фасоди молӣ ва аз тарафи дигар бо ҳамлаҳои сахти ҳавоии Русия дучор шудааст, талошҳои ҷаҳониро барои расидан ба созиши сулҳ бештар кардааст. Вай як гурӯҳро ба Иёлоти Муттаҳида фиристод ва худ дар ҳоли барномарезии сафаре ба Порис мебошад.
Як гурӯҳ аз муҳаққиқони ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои роҳ додан ба “ҷиноят алайҳи башарият” ҳангоми саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (2021-2022) ба муҳокима кашида шаванд.
Марк Рутте, дабири кулли паймони низомии НАТО, гуфт, тарҳи пешниҳодии Амрико дар бораи хатми ҷанг дар Украина кумак кардааст, ки Вашингтон ва Киев дар ин масъала ба пеш ҳаракат кунанд.
Тоҷикистон, ки ба бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон ошкоро мухолифат карда буд, ҳоло кӯшиш дорад, муносибатро бо ин гурӯҳи исломии тундрав барқарор кунад. Бо вуҷуди баъзе аз дидору мулоқот, ҳанӯз байни Тоҷикистон ва “Толибон” нобоварии амиқ ва ихтилофҳои созишнопазир ҳоким аст.
Иёлоти Муттаҳида ва Украина як “чаҳорчӯби навшуда ва возеҳтари сулҳ”-ро барои поён додан ба ҷанг бо Русия таҳия кардаанд, ки зоҳиран аз тарҳи пешинаи ҳукумати Доналд Трамп тафовут дорад. Украина ва ҳампаймонҳояш тарҳи пешинаи хатми ҷангро аксаран ба нафъи Русия хонда, изҳори нигаронӣ карда буданд.
Ёфтҳои бештар