Фарзандони холаи Ибодат чанд сол боз наметавонанд, ӯро розӣ кунанд, ки аз истифодаи бухорӣ ё печу ангишт даст кашад ва ба ягон василаи дигари гарм кардани хонаҳо гузаранд. Ба ӯ ҳодисаҳои марги одамон аз дуди ангиштро мисол меоранд ва аз хатарҳои он мегӯянд. Вале бенатиҷа. Дар бухории хонаи ӯ зимистон ҳамеша ангишт месӯзад.
Ибодат Назарова, сокини Душанбе: “Сину сол рафтааст, бе ин наметавонем, одат кардаем. Истифодааш осонтар аст. Ҳозир медонед, ки фасли зимистон сахт аст, барқ нест, маҷбурем, ки печка рӯшан кунем. Эҳтиёт мекунем, алов кардем, дар наздаш меистем, нигоҳ мекунем, мебинем, ки дар хона дуд набошад.”
Шунидани ҳодисаҳои нохуш ва маргумири одамон аз дуди ангишт ӯро ҳам то ҷое тарсону бисёр эҳтиёткор кардааст.
Ибодат Назарова, сокини Душанбе: “Шабона дар ин ҷо хоб намеравем. Бисёр гапҳо фаҳмидем. Маҷбур будем, аввал хоб мерафтем, ҳозир акнун ҳам тарс ва ҳам дар хонаи дигар батарей дорем, он ҳам бо ангишт аммо дар берун аст. Бехатар аст. Шабона онро рӯшан мекунем.”
Дар бозори Кушониёни Душанбе сохтани бухорӣ ё печ дар авҷ аст. Тоҷирон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба ҳодисаҳои марги одамон аз дуди ангишт, талош мекунанд, бухориҳои барои истифода роҳату амнро пешниҳод кунанд.
Аммо ба гуфтаи онҳо харидорон зимни интихоби бухорӣ на ба сифату бехатарӣ, балки бештар ба нархи он таваҷҷӯҳ мекунанд. Як сабаби сар задани фоҷеаҳо ҳам интихоб ва насби нодурусти бухориву риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ будааст.
Суҳайлӣ Иброҳимзода, кафшергарӣ бозори Кушониён: «Нодуруст истифода бурдани печҳо, лӯлаҳо, ё печҳоро нодуруст васл мекунанд.»
Шаҳобиддин, фӯрушандаи бухориҳои қадима: “Дудбарора мардум сари вақт покиза намекунанд, дуд мебарояд хонаро дуд пур мекунад. Печҳоро тоза намекунанд, дар ин ҳолат буйи ангишт мебарояд. Баъд аз ҳисоби лӯлаҳои якмасрафа ҳам мешавад, аз сӯрохиҳои он дуд хориҷ шуданаш мумкин аст, бояд оҳанӣ монанд. Аққалан ҳафтае як бор покиза кунанд, мумкин аст ин ҳодиса рух надиҳад.”
Муттахасисон ба он таъкид мекунанд, ки зимни истифодаи печу ангишт бояд ҳавои хона пайваста тоза карда шавад ва беҳтар аст вақти хоб он бо ангишт пур ва оташ рӯшан карда нашавад. Ба гуфтаи онҳо, шахсоне, ки аз ангишт истифода мебаранд, бояд каме дар бораи хосиятҳои он тасаввурот дошта бошанд, вагарна дар сурати нодуруст истифода бурдан, ин сӯхти дорои моддаҳои зиёди кимиёвӣ аст, метавонад боиси заҳролудшавӣ ва марги одам шавад.
Элмурод Пулотов, сарходими илмии Инстутути кимиё: “Вақте ангишт нопурра месузад, яъне барои сӯхтан оксиген намерасад, гази диоксиди карбон ҷудо мешавад, ки миқдори беҳад ками он ҳам ба инсон зараровар аст ва роҳҳои нафаскашии инсонро махкам мекунад. Гази карбон бӯй надорад, инсон онро намебинад. Аломатҳое, ки инсон аз ин газ заҳролуд шудааст, ин аст, ки нафаскашӣ мушкил мешавад, инсон намефаҳмад, кӣ чӣ шуда истодааст ва қобилияти ҳаракатро гум мекунад. Вақте фалаҷ шуд, ба худаш кӯмак карда наметавонад. Дар ду се дақиқа одам метавонад фавтад.”
Ин олими тоҷик мегӯяд, як роҳи пешгирӣ аз фоҷеаҳо дар пайи истифодаи ангишт ин аст, ки ин мавод қабл аз пешниҳод барои истифода бояд коркард ё аз маводи заҳрнок покиза карда шавад.
Ин корро бояд бо таҷҳизоти махсус ва дар корхонаҳои калон кард. Ӯ як намунаи чунин ангишти коркардшударо ба мо нишон дод, ки аз Узбекистон ворид шудаанд. Ин ангишт махсус барои истифодаи мардуми оддӣ ба фурӯш бароварда шуда, комилан бехатар будааст.
Гуфтугӯ